Марги зану шавҳар дар як рӯз

Дар Бритониёи кабир зану шавҳаре, ки муддати ҳафтод сол якҷоя умр ба сар бурдаанд, дар як рӯз пайи ҳам бо фосилаи 4 дақиқа аз дунё реҳлат намуданд.

Вераи 16-сола ва Уилфи 18-сола то Ҷанги дуюми ҷаҳон шинос шуда, баъди ҷанг издивоҷ намуда буданд. Баъди 70 соли зиндагии якҷоя Уилф бо бемории камақлии пиронсолӣ ба хонаи пиронсолон афтида, завҷаашро ғамбемор намуд. Субҳи рӯзи 29 марти соли равон, соати 6.50 Уилф дар беморхона вафот кард ва ҳамагӣ пас аз панҷ дақиқа бо шунидани хабари марги шавҳараш дили Вераи вафодору яккапараст  аз кор монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *