Рашки ҳамсари собиқ, дуздӣ дар бозори “Панҷшанбе” ва садама дар Консой
Нисбати ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо моддаҳои 32 ва 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Гумонбаршаванда 8-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 07:50 дақиқа дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи мазкур бо собиқ ҳамсараш — ҷавонзани 19-солаи сокини ҳамин ноҳия, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ва ҳиссиёти рашк нисбаташ зӯроварӣ намуда, бо корди хоҷагии бо худ овардааш 3 маротиба ба аъзои баданаш задааст.
Инчунин, марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки 6-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 00:20 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозааш дар бозори «Панҷшанбе» 17 адад телефонҳои мобилии гуногунтамғаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташикил медиҳад.
Шаби 8-уми сентябри соли 2023 бошад, тахминан соати 21:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер» Қулматов Тоҳирҷон Субонқулович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи Ашт ба самти ноҳияи Б. Ғафуров, дар наздикии даромадгоҳи шаҳраки Консой ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-2705”, ки таҳти идораи ронанда Ҳайдарзода Қурбонмуҳаммад Ҳайдар, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Мастчоҳ қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи «Хундай-Портер» Қулматов Т. С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ