Шаҳло Давлатова аз Баҳодур Ҷӯраев ҷудо шуд?

Овоза

Ман мухлиси ашаддии овозхони ҷавону ширинсадо Шаҳлобону Давлатова ҳастам. Бисёр дидааму шунидаам, ки агар ду сароянда дар саҳна паҳлу ба паҳлу сурудхонӣ намоянд, дере нагузашта аз ҳам ҷудо ё парокандаву қаҳрӣ мешаванд. Мехоҳам ҳақиқати як овозаро, ки чанд рӯз боз маро ғамгин намудааст, барои худ равшан намоям. Рост аст, ки Шаҳлою Баҳодур ҷангу ҷанҷол намуда, аз ҳамдигар ҷудо шудаанд? Мегӯянд, ки Шаҳло ба зиндагии шахсии Баҳодур дахолат намуда, боиси нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷол гардидааст.

ШАБНАМ, аз вилояти Хатлон

Ҳақиқат

Барои пайдо намудани посух ба саволи хонанда ба сароянда Шаҳлобону Давлатова муроҷиат намудем. Инак, фишурдаи суҳбатамонро бо ин сарояндаи ҷавон пешкаши шумо мегардонем.

— Шаҳлобону, саҳна бидуни Баҳодур чӣ гуна аст? Чаро аз ҳамдигар ҷудо шудед?

— Эҳ, напурсед. Ҷудо шудани мо чанд сабаб дошт, аз кадомаш сар кунам, намедонам.

— Мегӯянд, ки шумо ба зиндагии шахсии Баҳодур дахолат мекардед?

— Не, ман бо зани Баҳодур дугонаҳои ҷонӣ ҳастем. Каме гапамон бо Баҳодур гурехт ва рашки зиёди як нафар моро як муддат аз ҳам дур сохт.

— Ин нафар кист? Шавҳар ё ошиқи шумо?

— Ман оилаи обод дорам, фақат каме рашк нагузошт, ки мо дар саҳна якҷоя бошем. Билохира ба хулосае омадем, ки ману Баҳодур бояд дар алоҳидагӣ фаъолият намоем.

— Шавҳари шумо кист?

— Кӣ будани шавҳарам махфӣ аст. Рӯзу соаташ расад, ҳамаашро худам нақл мекунам.

— Дар тӯйҳо низ ҳамроҳ нестед?

— Албатта ҳамроҳ меравем. Вақте тӯйдорон ҳамроҳ маҳфилоро будани моро талаб мекунанд, аз нони даҳонам монда наметавонам.

— Агар бо Баҳодур оштӣ шавед, боз ҳамкориро идома медиҳед?

— Аллакай бе Баҳодур каме хоболуду коргурез шуда истодаам. Баъзан мехоҳам, ки занг зада, тамоми нофаҳмиву дилсиёҳиро аз дилаш барорам, вале боз метарсам, ки ӯро дилшикаставу ранҷур накарда бошам. Умед мебандам, ки ҳамкориро идома медиҳем, шояд муносибатҳои мо дигар чун пештара нашавад.

— То пайдо намудани ному нон дар ҷодаи ҳунар зиёд азоб кашидаед?

— Ба ростӣ, ман қариб ки азоб накашидам. Шояд назаркардаи Худо будам, ки зуд миёни мардум шинохта шудам.

— Шунидем, ки шумо барқасди нафаре пешаи сарояндагиро пеш гирифтаед?

— Завқи кӯдакӣ маро ба санъат дилгарм сохта буд. Ман дар аввал рақоссаи ансамбли “Падида” будам. Аз муаллимаи азиз Шарофат Рашидова нозукиҳои рақсро омӯхта, баъдан овозхониро сар кардам. Аз нафароне, ки дар рушди санъати банда саҳмгузор ҳастанд, хеле миннатдорам.

— Агар аз нав ҷавон шавед, кадом хатои имрӯз кардаатонро такрор намекунед?

— Ягон коре накардаам, ки хато бошад. Сад шукр аз ҳаёти имрӯзаам розиям, пастиву баландиҳои ҳаёт дар зиндагӣ бароям таҷрибаи бузурге гашт.

— Писаратон Яҳёҷон ба синну солаш нигоҳ накарда, аллакай хеле муваффақ гаштааст. Наметарсед, ки рӯзе “саҳнаро тарк кун, очаҷон” мегӯяд?

— Не, баръакс писарам мегӯяд, ки “очаҷон, ман бо шумо ифтихор дорам”. Писарам шавқу ҳаваси маро нисбати санъат дида, дилгарм шуд ва имрӯз аллакай доираи мухлисони худро дорад.

— Сарпарасти шумо кист?

— Аввал Баҳодур буд, имрӯз модарҷонам.

— Саҳна ба шумо чӣ дод?

— Сад шукр, ки нони даҳонамро меёбам. Соҳиби хонаву дар шудам, соҳиби мошини қиммат низ гаштам. Ҳар чӣ хостам, ба даст овардам.

— Духтарон ҳамеша ба навозиши падар ниёз доранд. Падарон низ духтаронро зиёд дӯст медоранд. Аз падар чӣ хотира дар ёдатон мондааст?

— Вақте гап дар бораи падар меравад, ашк гулӯгирам мекунад. Падари ман инсони беҳтарин буд. Ман падарамро сахт дӯст медоштам, вале мутаассифона тақдир ӯро зуд аз ман ҷудо кард. Баъди марги бармаҳалаш 3 соли дароз ба худ омада натавонистам. Ҳар куҷо номи падар ё суруди падарро шунавам, оби дидагонам шашқатор мешавад. Кош Худованд дар ҷавонӣ падарамро аз ман намегирифт (ашк мерезад).

Мусоҳиб: САЛМОНҶОН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *