Рашт: Дилноза Аҳмадзода бо сарбозону афсарон суҳбат кард
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Аҳмадзода Дилноза — муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид анҷом дода, бо сарбозону афсарони ин қисми низомӣ мулоқоти судманд дошт.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид карда шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолат ва уҳдадории ҳар як ҷавонмард буда, адои он шарафи бузург мебошад.
— Пас аз мулоқот роҳбарияти Кумита аз имкониятҳои воқеии қисми низомӣ дидан намуданд. Хобгоҳ, ошхона, хонаи маишӣ, хонаи истироҳатӣ, китобхона, толори варзишӣ ва ҷойгоҳи таълимии машқӣ-ҳарбӣ мутобиқ ба талаботи шароити имрӯза пурра омода гардида, сарбозон дар руҳияи мувофиқ ва садоқати том адои хизмати ҳарбӣ намуда истодаанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ