Кунҷковӣ ё чиркковӣ?

МАВҚЕЪ

Баъзан сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ аз таҳқиру туҳмат, дашном, паст задани шаъну эътибор, санги маломат ба якдигар, таъназанӣ пур мешавад. Мавзӯи аслӣ, роҳи ҳаллу пешниҳод як сӯ, мухотабон ба ҷойи кунҷковӣ ба чиркковӣ мегузаранд.

Ҳар чӣ бар даҳон ояд, нисбат ба ҳаммиллати худ, ҳамзабони худ раво мебинанд. Яъне, баъзан даҳон фаровезашро гум мекунад. Аҷаб мардумем, ба ҷойи як қадам ба пеш, чанд қадам ба қафо меравем. Ба ҷойи сохтан месӯзем. Ба ҷойи намунаи ибрат будан нафрат ба дигарон дорему худ аз ин бехабарем. Ба ҷойи роҳи дигаронро боз кардан чоҳ меканем ва зинда бар гӯрашон мекунем.

Имрӯз “Фейсбук”-и тоҷикӣ чунин ранг гирифтааст. Албатта, чизҳои мусбат ҳам дорад, ки метавон омӯхту аз он истифода кард, вале кам. Ҳоло гуруҳҳое дар “Фейсбук” пайдо шудаанд, ки бо номҳои мустаор, худ мард, аммо дар тан либоси занонаву номи занона ба таҳқиру дашноми ашхоси муътабар даст мезананд. Яъне, аз зери нохун чирк мекобанд. Имрӯз дилхоҳ мансабдори тоҷик субҳ оғози кори худро аз хондани саҳифаи “Фейсбук” сар мекунад. Дар дил ҳарос дорад, ки мабодо касе нисбаташ туҳмат ва танқидро дар “Фейсбук” накорида бошад.

Баъзан ашхосеро мебинед, ки замоне дӯст буданд, ҳампаймону ҳамқадаҳ, аммо ҳоло сояи ҳамдигарро дар девор мекашанд. Ба гуфти бобои раҳматиам, «охир, ҳама як рӯзи мурдан доранд, магар ин дунё кирое мекунад, ки касеро ранҷонӣ!? Одам бош, то дигар мисли ту амал кунанд!».

Боз бархеро мебинед, ки дар сурат одами хуб, вале дар сират мисли каждуми зери бӯрё. Чунон неш мезананд, ки мағз андар мағзи устухонат мегузарад. Дуруст, ки ин табиати инсонӣ аст ва дар хуну рагу пайвандашон ҷой гирифтааст. Яъне, бо шир омаду бо ҷон бадар мешавад. Аммо ин амал барои худашон агар кайфият диҳаду ба назарашон ноаён бошад, вале зарар ба чанд каси дигар хоҳад шуд.

Аҷиб, миллатҳои дигар ҳам чунинанд?

Усмон Раҳимзода, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *