Раси Шӯрои уламо: Закот ба нотавону нодор аз 100 то 700 аҷр дорад»

Раиси Шӯрои Уламои Тоҷикистон имрӯз дар намози ҷумъа мардумро ба додани закон даъват намуда, гуфт ҳар касе ба нотавону нодор закор медиҳад, аз 100 то 700 аҷр мегирад.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоикистон дар маъвизааш таъкид намуад, ки сокинони зарардидаи ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ ба кӯмак ниёз доранд. Ӯ ин ҷамоат ва хайру саховат ба сокинони онро ҷойи гирифтани  ризогии Парвардигор номид: “Ҳар хайр, чӣ закот бошад, чӣ фитри рӯза, ки ба инсони нотавону нодор дода мешавад, аз 100 то 700 аҷр дорад”.
Раиси Шӯрои уламо супоридани закотро ба андоз монанд намуда, таъкид кард, ки агар соҳибкорон андоз насупоранд, давлат корхонаҳои онҳоро фурӯхта аз ҳисоби он андоз мегирад: “Закот ҳам монанди ҳамон андозест, ки месупоранд. Агар закот супорид Худованд кафили молу сарваташ мешавад”.
Дар идома афзуд:“Ҳар нафаре, ки мегӯяд мусалмонӣ дар дил аст ин поя надорад”, афзуд, раиси Шӯрои уламо.
Маркази Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳадди нисоби закотро 17 ҳазору 400 сомонӣ муайян кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *