Парванда бар зидди масъули сохтумон баъди марги муҳоҷири тоҷик

Алайҳи масъулини бинои сохтумоние, ки  дар он шаҳрванди Тоҷикистон афтода, ба ҳалокат расида буд, парванда боз шудааст.

Бар асоси хабари расонаҳои Русия Додситонии Санкт-Петербурги Русия нисбати масъулини он сохтумон парванда боз кардааст.

Дар натиҷаи тафтишот маълум шудаааст, ки ширкатҳои сохтумонӣ барои кормандони худ шароити дуруст фароҳам накардаанд, ки он боиси ҳодисаҳои фавқулода мешавад.

Дар ин хусус Додситонии Санкт-Петербург таъкид карда, гуфтааст, ки ширкатҳои сохтумонии “НПФ “Тест”, “СРТ” ва “Норд фасад” шароити дурусти корӣ барои кормандони худ фароҳам накарда ва чӣ тавр тарзи дар баландиҳо кор карданро ба онҳо наомӯхтаанд. Ҳамчунин дар минтақаҳои хатарноки сохтмон панҷараҳо насб нашудаанд, ки он бехтарии кормандонро таъмин намекунад. Шаҳрванди ба ҳалокатрасидаи Тоҷикистон дар чунин шароит кор кардааст ва ресмони муҳофизатӣ ҳам надоштааст.

Бояд гуфт, ки 3 июн шаҳрванди 21—солаи Тоҷикистон аз бинои ҳаштоёшна ба замин афтода ба ҳолокат расида буд. Ин бино дар кӯчаи Жданови Петроград воқеъ аст.

Дар пайи паҳн шудани чунин хабар дар расонаҳо, Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки шаҳрванди ба ҳалокатрасидаи Тоҷикистон Раҳмон Гулмуродов, сокини ноҳияи Ёвон будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *