Расулзода Вазири нави молияро муаррифӣ кард
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 19 январ Файзиддин Қаҳҳорзодаро ба кормандони вазорати молия ба унвони вазири нави молия муаррифӣ кардааст. Қаҳҳорзода дар ин мақом Абдусалом Қурбониёнро, ки дар ҷаласаи дирӯзаи ҳукумат аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон интиқоди зиёд шунид, иваз мекунад.
Бино ба хабарҳо, рӯзи 19 январ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар як ҷаласа дар вазорати молия Файзиддин Қаҳҳорзодаро ба унвони вазири нави молия муаррифӣ кардааст.
Файзидди Қаҳҳорзода, ки то кунун раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд, дар роҳбарии вазорати молия Абдусалом Қурбониёнро иваз мекунад. Ҳанӯз маълум нест, ки ба ҷои Қаҳҳорзода кӣ ба раҳбарии кумитаи сармоягузорӣ меояд.
ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор 5 августи соли 1971 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.
Солҳои 1989-1992 дар сафи Қувваҳои ҳарбию баҳрии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ хизмат намуд.
Соли 1997 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихисоси иқтисодчии байналхалқӣ хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро аз соли 1988 ба ҳайси коргари нуқтаи пахтақабулкунии «Тосқалъа»-и ноҳияи Восеъ оғоз намуда, солҳои 1997-2015 дар вазифаҳои сардори хадамоти бехатарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҳисобдори дараҷаи 3, иқтисодчии дараҷаи 1, муовини сардори шуъбаи муомилоти пулӣ, сардори шуъбаи назорати асъории Департаменти фаъолияти иқтисодчии берунӣ, сардори Шуъбаи назорати асъорӣ ва қарздиҳии Департаменти фаъолияти иқтисодчии берунӣ, Муовини директор — сардори Идораи амалиётҳои асъории Департаменти фаъолияти иқтисодчии берунии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Ориёнбонк», Муовини Директори Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ, Муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ, Муовини сардори Сарраёсат — сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамарказ, Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 ба вазифаи Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Солҳои 2016-2017 дар вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ