Раводид байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон лағв мегардад
Сокинони Тоҷикистон ва Узбакистон метавонанд, ки ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар намоянд. Дар ин -бора рӯзи 9-уми март раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев пас аз мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар «Қасри Миллат»-и Душанбе ба мувофиқа расиданд.
Ин созишнома ва дар маҷмӯъ 27 санади ҳамкорие, ки имрӯз имзо шуданд, пас аз мувофиқати парлумонҳои ду кишвар ба ҳукми иҷро медароянд
Дар сӯҳбат бо рассонаҳо чанд вакили парлумон ва дипломатҳои баландпоя гуфтанд, ки бо назардошти аҳамияти сиёсии санади лағвкунандаи виза барои шаҳрвандон, ҷараёни тасвиби он ҳам аз ҷониби парлумонҳои ду кишвар зиёд тӯл намекашад ва дар фурсати наздиктарин тасвиб хоҳад шуд.
«Ин санадест, ки қабули онро мардуми ду кишвар муддатҳо интизор буданд ва ҳоло танҳо як расмият мондааст, ки баъди тай кардани он дигар дар фурсати як ҳафта ё даҳ рӯз санад қонунӣ мешавад»,- гуфтааст яке аз вакилони парлумони Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ