Қирғизистон: Чучуки 110 метра мепазанд

11 март дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон чучук (як навъи ғизои миллӣ)-и 110-метрӣ таҳия мекунанд. Чучук аз қазӣ ё равғани асп, гӯшти қабурға ва адвиёт дар оташи паст пухта мешавад. Дар ин бора яке аз масъулони чорабинӣ Элнура Кулуева хабар дод.

Ба гуфтаи вай, тасмими таҳияи чучуки 110-метрӣ ба он хотир қабул шуд, ки ошпазони қазоқ бо омода кардани чучуки 100-метрӣ шомили китоби рекордҳои Гиннес шуда буданд. «Аммо таваҷҷуҳи мо бештар болои бешбармоқ аст. Имрӯз омодагиҳо шуруъ шуданд — 8 асп кушта шуда, 40 ошпаз ба таҳияи ғизо машғул мешаванд», — гуфт Кулуева.

Пештар аз ин хабар расида буд, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ тасмим доранд, як тонна бешбармак таҳия кунанд.

Ин чорабиниро се созмон — «Оқ элечек», «Оқ калпак» ва «Қирғиз тилектешигӣ» баргузор мекунанд. Тавре интизор меравад, дар ин чорабинӣ намояндагони китоби рекордҳои Гиннес ширкат хоҳанд кард.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур тарғиби анъанаҳои миллии қирғизӣ унвон шудааст.

Соли 2015 Остона бо таҳия кардани бузургтарин бешбармоқ шомили китоби рекордҳои Гиннес шуда буд. Он замон қазоқҳо якбора 736,5 кило бешбармоқ омода карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *