Равшан қотили ҳамсараш шуд

Сокини 41-солаи деҳаи Қӯштеппаи Панҷакеннт Равшан Шомуродов баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ҳамсараш Зебо Отабоеваро, ки дар набудани ӯ шавҳари дигар кардааст, аз ҳиссиёти рашк чанд корд задааст. Фарҳод Боирҷонов, сокини 38-солаи Конибодом дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби падарарӯсаш Эркин Деҳқонов ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боз ду ҷанҷоли хунини хонаводагӣ, ки дар як ҳолат бо марги домод аз дасти падарарӯс ва дар ҳолати дигар бо захмӣ шудани ҳамсар аз зарбаҳои корди шавҳар анҷомид хабар доданд. Ҳарду ҳодиса дар вилояти Суғд рух додааст.

Аз ҷумла кормандони милиса сокини деҳаи Қӯштеппаи ҷамоати Халифа Ҳасани Панҷакент Равшан Шомуродов, соли таваллудаш 1976-ро ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба куштор дастгир кардаанд. Бино ба гузориши мақомоти корҳои дохила, «Равшан Шомуродов аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Федератсияи Россия баргашта, хабардор шудааст, ки ҳамсараш Зебо Мардонқуловна Отабоеваи 32-сола ба сокини ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри мазкур ба шавҳар баромадааст.Номбурда, рӯзи 25-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 19:00-дақиқа, аз ҳиссиёти рашк дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур бо корди хоҷагии дар дасташ буда, бо мақсади ба қатл расонидан якчанд маротиба ба аъзои бадани зани номбурда задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Ба зидди Шомуродов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – 32(қасди ҷиноят) ва 104 (куштор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ҳамин тавр,  сокини шаҳри Конибодом Деҳқонов Эркин, миллаташ узбек, соли таваллудаш 1956 бо қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ба ҳалокат расондани домодаш айбдор мешавад.

Эркин Деҳқонов «рӯзи 19 декабр тахминан соати 08:30 дақиқа дар хонаи истиқоматияш бо сабаби муноқишаи оилавӣ бо домодаш Боирҷонов Фарҳод, соли таваллудаш 1979, миллаташ узбек ҷанҷол карда, ӯро бо дасту по латукӯб кардааст. Боирҷонов Фарҳод бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии шаҳри Конибодом бистарӣ гардида, рӯзи 20 декабр дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба зидди Эркин Деҳқонов бар асоси моддаи 111-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттизоми қасдан расондани зарар ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд, вале ба эҳтимоли ғолиб баъди ҳалокати Фарҳод Боирҷонов айбномаи ӯ ба куштор иваз карда мешавад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои нангини куштори аъзои хонавода, аз ҷумла куштани зан аз дасти шавҳар ваё баракс, қатли падар аз ҷониби писар, зинда ба зинда сӯзонидани зан аз ҷониби шавҳар, латукӯби фарзанди ноболиғ аз ҷониби падарон зиёд расонаӣ мешавад.

Аз ҷумла шоми 4 декабр, соати тахминан 18 Шоҳсанам Баҳронова, сокини 22-солаи шаҳраки Ғафуров шавҳари 22-солааш Ҷонибек Остоновро бо як зарби корд кушт. Мақомот мегӯянд, ҷанҷоли хунин байни ин зануу шавҳар «аз сабаби нофаҳмии ногаҳон бамиёномада” рух додааст.

Гуфта мешавад, Бахронова Шоҳсанам, соли таваллудаш 1995, миллаташ тоҷик сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо шавҳараш Остонов Ҷонибек Юлдошевич, соли таваллудаш 1995, миллаташ тоҷик дар ҳавлии истиқоматияшон, ки дар кӯчаи Садовая-10, шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ мебошад, аз сабаби нофаҳмии ба миён омада ҷангҷол карда, бо корди хоҷагидории дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст. Остонов Ҷонибек шаби 4 ба 5 декабр дар беморхона ҷон дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *