Панҷакент: “Разбор” дар назди мактаби 15 се кушта ба ҷой гузошт

Дар ҷараёни як занозании хунини байни ду гуруҳи ҷавонон дар паҳлуи мактаби №15 дирӯз дар маркази шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, се нафар аз захми корд ба ҳалокат расидаанд.

  Ду нафар дар ҷои ҳодиса ва якеи дигар дар бемористон ҷон додаанд. Бино ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ду нафар аз кушташудаҳо акаву додар будаанд. Мақомоти милитсияи Панҷакент гуфтаанд,ки  ҳамаи иштирокчиёни  боқимондаи ин занозаниро муайян ва дастгир кардаанд.

Сабаби занозании хунин маълум нест. Гуфта мешавад, ки ду гуруҳи ҷавонон, асосан донишҷӯён дар назди мактаби №15 бо ҳамдигар муноқиша кардаанд. “Разбор” байни онҳо ба занозанӣ печидааст ва тарафҳо бо мушту лагат ва предметҳои дигар қаноат накарда, даст ба корд ҳам бурдаанд. Ҳар се нафари кушташуда аз зарби корд ҷон додаанд.

Баъд аз ин,  иштирокчиёни боқимондаи занозанӣ, ки гуфта мешавад, ҳудуди 10 нафар будаанд, фирор карда, ба деҳаҳои худ рафтаанд. Вале кормандони милитсия тавонистаанд яке аз онҳоро дастгир карда, тавассути бозҷӯии ӯ шахсияти иштирокчиёни боқимондаро ҳам муайян ва онҳоро аз деҳаҳояшон дастгир карда, боз ба Панҷакент биоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *