Рейтинг — 2021. Кӣ пешсаф аст?

Аз “Рейтинг — 2021”, ки сомонаи Pressa.tj ташкил кард, даҳ рӯз сипарӣ гардид. Дар ин даҳ рӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, соҳибкор Исмоил Зоиров, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ ва чанд нафари дигар бо гирифтани овози бештар дар сафи пеш қарор доранд.

Тавре аз натиҷаи овозҳо бармеояд, дар номинатсияи “Раиси сол” раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳиби 4283 овоз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода — 2254 ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода соҳиби 608 овоз гардидаанд.

Дар номинатсияи “Хайрхоҳи сол” соҳибкор Исмоил Зоиров бо касби 22853 овоз аз роҳбари ширкати “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов (605 овоз) ва Раҳим Бобоҷонов (2321 овоз) пеш гузаштааст.

Дар номинатсияи “Вазири сол” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо 4141 овоз, дар номинатсияи “Бонкири сол” раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо 7797 овоз ва ҳаммуассиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов бо 4453 овоз, дар номинатсияи “Ректори сол” ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо 11988 овоз, дар номинатсияи «Соҳибкори сол» директори генералии “Авесто гуруҳ” Муҳаммад Мирзо бо 5477 овоз, дар номинатсияи “Чеҳраи сол” варзишгарони навъи ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ Мунис ва Абӯбакр бо 2302 овоз, дар номинатсияи “Сарояндаи сол” овозхон Ҷонибек Муродов бо 1607 овоз, дар номинатсияи “Варзишгари сол” ҷудокор Комроншоҳ Устопириён бо 1196 овоз ва дар номинатсияи “Блогери сол” бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ  бо 3351 овоз дар сафи пеш қарор доранд.

Дигар номзадҳо — вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир соҳиби 1490 овоз, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода — 2381, раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев — 931, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода — 9700, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ — 817, бизнес-тренер Саидмурод Давлатов — 3275, директори “Ғаюр семент” Акбар Ғуломов — 2099, сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин — 798, овозхон ва блогер Абдурозиқ Игамов — 1969, сароянда Мубориз Усмонов — 1491, овозхон Сафармуҳаммади Рустам — 475, самбист Акмалиддин Каримов — 908, варзишгари муҳорибаҳои омехта Фаридун Одилов — 1010,  бунёдгузори “Битва блогеров” Илҳом Фозилов — 111 ва бунёдгузори “Авлод медиа” Барон (Беҳрӯз Набиев) соҳиби 1106 овоз гардидаанд.

Ёдрас мешавем, ки овоздиҳӣ дар «Рейтинг — 2021» то 31-уми декабри соли 2021 идома меёбад.

P.S. Ҳамарӯза Pressa.tj соати 14:00 аз рафти овоздиҳӣ ҷиҳати муайян кардани «Рейтинг — 2021» муфассал маълумот медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *