Рекорди истифодаи барқ дар Тоҷикистон

Асозода Маҳмадумар се мушкили асосии соҳаи барқу энергетикаро дар кишвар зикр кард.

Маҳмадумар Асозода, директори Ширкати “Барқи тоҷик” ба хабарнигорон гуфт, ки “ 26-уми июли соли равон дар ҷумҳурӣ истифодаи максималии қувваи барқ ба қайд гирифта шуд. Дар ин рӯз дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 72,125 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истифода шудааст, ки ин нишондод рекордӣ аст”.

Ҳамзамон, дар нишаст қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 7 млрд 659,3 млн кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, 71 млн кВт/соат назар ба соли гузашта бештар истеҳсол шудааст, ки 101%-и нақшаро ташкил медиҳад. Асозода Маҳмадумар се мушкили асосии соҳаи барқу энергетикаи кишварро дар “кам кардани талафот”, “амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои беҳтар намудани иқтидорӣ энергетикӣ” ва “дар давраи тирамоҳу зимистон нигоҳ доштани тавозуни истеҳсол ва тақсимоти барқ” медонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *