Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Асомиддин АТОЕВ, коршиноси масоили ТИК

— Яке аз масалҳои сӯзандаи тоҷикии мо, ки «китобдуздӣ ҳалол аст», ба он оварда расонидааст, ки моликияти зеҳнӣ дар ҷомеаи имрӯза камтарин қадр дорад.

— Эҳ, эҳ, ако, о шумо чиҳо гуфта истодаед!? Агар моликияти зеҳнӣ қадр намедошт, дидаву дониста, ки ҷавобгарӣ дорад, онро медуздиданд?

Абдулло РАҲМОНЗОДА, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

— Баъзан варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои дохилӣ фаъоланду ҳунарнамоии хуб доранд, аммо баъзан дар хориҷи кишвар зуд мағлуб мешаванд. Барои тағйири вазъ бояд бештар ба омодагии руҳию равонии варзишгарон таваҷҷуҳ кард, чун тайёрии ҷисмонию тактикияшон хуб аст.

— Сад фоиз дуруст, дастгирии молиявӣ кунед, раис!

Султон ҚУРБОНЗОДА, хореограф, омӯзгори рақс

— Вақте ба деҳа мераваму ҳамсинфони худро мебинам, зоҳиран нисбати онҳо хеле ҷавон вонамуд мешавам. Аксарияти онҳо риш мондаанду мӯйсафед шудаанд. Санъат инсонро пир намекунад.

— Шояд айб дар санъат набошад!? Як бор таҷриба кардаву шумо ҳам риш монед, ку чӣ хел вонамуд мешавед…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *