Ректори ДДТТ профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд шуд

Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соҳиби унвони профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд шуд.

Ин унвонро ба ӯ зимни  баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар пояи Донишгоҳи давлатии иқтисоди шаҳри Тошканд баргузор шуд, супоридаанд.

Бояд гуфт, ки Маҳмадшоҳ Гулзода раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд зимни супоридани дипломи профессори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд қайд намудааст, ки профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ барои саҳми босазояш дар рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ бо чунин унвон сазовор шуд.

Маҳмадшоҳ Гулзода дар суханронӣ бо изҳори сипос аз Роҳбари олии давлатҳо, Вазорати маориф ва илму инноватсияи ҷумҳуриҳои дӯст ва раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд форуми мазкурро яке аз самтҳои муҳимми таҳкими дӯстӣ ва боварӣ миёни мардуми фарҳангдӯсти Тоҷикистону Ӯзбекистон унвон кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *