Дар Душанбе боз як хатсайри нави автобус ташкил мешавад

Аз 22 апрел дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобуси №61 роҳандозӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин хатсайр тавассути терминали ғарбӣ-таваққуфгоҳи маркази савдои «Ховарон» ба фаъолият оғоз менамояд. Ҳаракати автобусҳо дар ин хатсайр тавассути шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ва кӯчаву хиёбонҳои Алишери Навоӣ, Карамов, Низоми Ганҷавӣ, Исмоили Сомонӣ, Шероз, Шотемур, Мирзо Турсунзода, Нисор Муҳаммад, Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш, Мастонгулов, Зебунисо ва Садриддин Айнӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон, дар ин рӯз масири хатсайри автобуси №41 ( “Кушониён”-Терминали ғарбӣ) тағйир меёбад. Акнун автобусҳои ин хатсайр тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, Рудакӣ, С. Носирова, Карамов, А. Навоӣ ва шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ба роҳ мегузаранд.

Ин хатсайр 10 августи соли 2020 ташкил шуда, тавассути кӯчаву хиёбонҳои Нусратуло Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Рӯдакӣ ва Ҳ. Шерозӣ ҳаракат мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *