Ректори ДМТ: Нақшаи қабул 92% иҷро шуд!

Соли 2024 нақшаи қабули донишҷӯён дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон 92% иҷро шуд.

Дар ин бора ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

«Дар чор даврае, ки Маркази милии тестӣ барои қабули донишҷӯён эълон кард, нақшаи қабули мо 92% иҷро шуд. Ин дастоварди назаррас аст»,- гуфт Эмомалӣ Насриддинзода.

Ректор гуфт, ки бо сабаби барвақт оғоз кардани маъракаи тарғибот нақшаи қабул таъмин гардид. «Имсол ҳам тарғиботро пештар оғоз мекунем»,- таъкид дошт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  донишҷӯён аз рӯйи 134 ихтисос таҳсил мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *