Ректори донишгоҳ аз мақомаш озод ва чанд мақомдор танбеҳ гирифтанд

Дар баробари аз мақом озод шудани ректор, инчунин, як қатор мақомдорон барои вайрон кардани қонун дар бораи маъракаҳои пешазинтихоботӣ танбеҳ гирифтаанд.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров хабар додааст, ки ректори Донишгоҳи давлатии вилояти Ош Кудайбердӣ Кожобеков, декани факултети омӯзгории ин муассисаи олӣ Бакитбек Муродбоев ва се омӯзгори факултети мазкур барои нақзи қонунҳо ва иҷро накардани фармони Президент аз кор озод шуданд.

Ҳамчунин, вазири маорифи Қирғизистон Болотбек Купешев ва раиси шаҳри ош Алмос Мамбетов танбеҳ гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки омӯзгорони факултети омӯзгории Донишгоҳи Ош ҳафтаи гузашта донишҷӯёнро ба як чорабинии ҳизбӣ дар майдони марказии шаҳр бурда буданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯш ин баъди таҳқиқи ин қазия гуфтанд, ки донишҷӯён ба раванди таблиғотии ҳизбӣ ҷалб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи  парлумонӣ дар Қирғизистон 28-уми ноябри соли равон баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *