Бар фотеҳаи ман, ай дӯст фардо бархезу биё!!!

 Ҷигарам хун шуду рехт зи ду чашми сарам,

Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!!!

Ҳоҷӣ Отамуроди Бекмурод, журналисти шинохтаи тоҷик рӯзи 10 ноябр дар синни 66 аз олам чашм пӯшид.

Отамуроди Бекмурод 13 майи соли 1955 дар деҳаи Угуки ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба дунё омада, 15 сол дошт, ки нахустин мақолааш дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” нашр шуд. Ӯ дар нимаи дуюми солҳои 70 ба таври комил ба майдони журналистика ворид шуд ва беш аз 40 сол фаъолияти журналистӣ дошт.Отамуроди Бекмурод то соли 1990 дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон”, ки дар поёни солҳои 80 ба “Ҷавонони Тоҷикистон” табдили ном кард, кор кард ва то ба мақоми котиби масъул расид.

Соли 1990 Отамуроди Бекмурод муовини сардабири нашрияи тозатаъсиси “Паёми Душанбе” таъйин шуд. Ӯ сипас бо номи “Шоҳмансур” нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ноҳияи Шоҳмансурро таъсис дод ва муддати беш аз 10 сол сардабири ин нашрия ва ҳамзамон сухангӯи раиси ин ноҳияи пойтахт буд.

Отамуроди Бекмурод солҳои тӯлоние дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷумла дар мақомҳои мудири шуъбаи муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандон ва мудири шуъбаи дин ва танзими расму ойинҳои ҳукумати ин ноҳияи шаҳри Душанбе кор кардааст

Ба диққати ҳамаи ёру дӯстон ва онҳое, ки Отамуроди Бекмуродро мешинохтанд!!!

 Чи тавре, ки пайвандони ҳоҷӣ Отамуроди  Бекмурод ба сомонаи  Pressa.Tj хабар доданд: Рӯзи якшанбе, 14.11.21 аз соати 7:00 то 10:00 дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Юсуф Вафо, бинои 107 , назди мактаби рақами 50 фотеҳаи журналисти маъруфи тоҷик  Отамуроди Бекмурод доир мегардад.

Нақлиёт: троллейбуси рақами 5, автобусҳои 10,18,20,29 ва маршруткаҳои 2,10,14,19, 28,45,56  истгоҳи  Масҷиди ҷумъахонии Гипрозем, (Масҷиди русҳо) серков.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *