Ректори донишгоҳ дар калонтарин ҷамоати ноҳияи Кӯшониён

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки тибқи нақшаи вазири маориф ва илми кишвар мутасаддӣ дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён мебошад, аз рафти корҳои ободониву созандагии ин ҷамоати калонтарини ноҳия дидан намуд.

Бино ба иттилои ДДОТ, ректори донишгоҳ дар якҷогӣ бо гурӯҳи вазифадоршуда аз 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназияи барои кӯдакони болаёқату як кӯдакистони хусусӣ, корхонаи истеҳсоли равғанбарориву корхонаи коркарди “Пахта” ва беморхонаи марказии ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён дидан намудааст.

— Маврид ба зикр аст, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро низ ба ин ҷамоат ташриф оварда, дар толори маҷлисии муассисаи таълимии №14 бо фаъолони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия мулоқот анҷом дод,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *