наручник

Боздошти ду кисабур дар Душанбеву Спитамен

Хадамоти матбуоти ВКД аз боздошти як марду як зани кисабур дар Душанбеву Спитамен, ки ҳарду ҳам пештар суд шуда будаанд, хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, шаби 1-ум ба 2-юми июн дар кӯчаи Карин Манни ноҳияи Фирдавсии пойтахт шахсони номаълуме бо роҳи зӯроварӣ аз пушти марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур дошта, бӯғӣ карда, аз ҷайбаш 3 ҳазор сомониро тасарруф мекунанд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Баъд аз чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш суд шуда будааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир мекунанд. Барои дастгир намудани ҷинояткорони дигар кофтуков ва нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин нисбати зани 34-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров низ, ки пеш суд шуда будааст, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ӯ пеш аз зуҳри 7-уми июн дар бозори марказии ноҳияи Спитамен пинҳонӣ аз ҷузвдони зани 45-солаи сокини ҳамин ноҳия маблағи 3 ҳазор сомонӣ ва 2 адад кортҳои пластикии «Душанбе-Сити» ва «Амонатбонк»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Нисбати ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *