Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори «Панҷшанбе»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии «Панҷшанбе» боздид карда, бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал шинос гардид.

— Чуноне мушоҳида гардид, дар растаҳои гуногуни бозори марказӣ маҳсулоти ниёзи аввал ва меваҷоту полезиҳо фаровон буда, сокинон маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои мувофиқ дастрас мекунанд. Ҳамарӯза тибқи талабот сабзӣ ва картошкаи барвақтӣ, тарбуз, помидору бодиринг, зардолу, шафтолу, гелос ва дигар анвои меваҳо ба бозор ворид карда шуда, пешниҳоди аҳолӣ гардида истодааст. Нон ва маҳсулоти нонӣ, гӯшту тухм, равғану биринҷ, шакар ва шириниҳо низ дар бозор ба таври кофӣ ба фурӯш гузошта шудааст,- хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки раиси вилоят барои танзим ва назорати доимии нархҳо ба роҳбарияти бозор ва масъулини идораҳои давлатӣ дастур додааст.

Ҳамзамон, Раҷаббой Аҳмадзода аз мақбараи Шайх Муслиҳиддин, ки дар шафати масҷиди марказӣ қарор дорад, боздид намуда, барои тозаву озода нигоҳ доштани мавзеи мазкур супоришҳо додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *