Рейди шабона дар марказҳои бозиҳои компютерӣ

Дар аксар маврид маҳз шабгардиву беҳудагардӣ, машғул шудан ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта ва бемасъулиятии волидайн нисбати таълиму тарбияи фарзандонашон сабаби даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ задани ҷавонону ноболиғон мегардад. Аз ин сабаб ҷиҳати ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду санҷишҳои пешгирикунанда доир карда истодаанд.

Санҷиши навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино собит кард, ки то ҳанӯз шабгардӣ ва беназоратии наврасону ҷавонон падару модари онҳоро ба ташвиш нагузоштааст. Чунин бепарвоӣ ва беэътиноии баъзе аз волидон аст, ки фарзандони онҳо дар нимашабӣ ба амалу кирдорҳои зиёновар машғул гардида, оқибат ба муноқишаҳои гурӯҳӣ ва дигар шаклҳои ҷиноят даст зада, ҷомеаро ба ташвиш мегузоранд.

Аз ҷумла, зимни гузаронидани рейди шабона дар марказҳои компютерии ҳудуди ноҳияи Сино 21 нафар ҷавонону ноболиғон, ки дар нимашабӣ машғули бозиҳои компютерӣ буданд, ба Шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Сино дастрас карда шуданд, ки аз ин шумора 6 нафарашонро ноболиғон ташкил дода, хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки истифодаи ҳар гуна бозӣ ва филмҳои хусусияти зӯроваридошта ва аз меъёрҳои ахлоқӣ берун, ба рӯҳу равони ноболиғон, ки ҳанӯз хуб инкишоф наёфтаанд таъсири манфӣ мерасонад. Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд, дар натиҷаи то ними шаб ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроварӣ дошта машғул шудан, дар заминаи нофаҳмиҳои ночизи лафзӣ оқибат ба авбошӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ анҷомидааст. Аммо соҳибони марказҳои компютерӣ ва баъзе аз падару модарон оқибати нохуши филмҳо ва бозиҳои зиёноварро ба эътибор нагирифта, чунин бепарвоии онҳост, ки баъзе аз ҷавонону ноболиғон ҷои таҳсил вақти пурқиммати худро сарфи корҳои беҳуда мекунанд.
Ҷиҳати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати волидайни нобилиғоне, ки зимни ин амалиёт ба Шуъбаи милитсия дастрас гардида буданд, дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари волидайн соҳибони чунин марказҳои компютерӣ низ масъулит доранд, вале мутаассифона баъзе аз соҳибкорон ба хотири фоида, талаботи қонунро ба инобат нагирифта, дидаву дониста марказҳои компютерии худро аз ҳисоби ноболиғон пур месозанд. Вобаста ба ин ва надоштани Иҷозатномаи махсус нисбати 2 нафар соҳибони марказҳои компютерӣ бо моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур бори дигар аз волидайн ва нафароне, ки дар таълиму тарбияи наврасон масъуланд талаб карда мешавад, ки талаботи қонуни мазкурро риоя намуда, ҷиҳати ба илму дониш фаро гирифтани ноболиғону ҷавонон масъулияти бузурги парастории худро иҷро намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *