Президенти шоҳмот кӣ мешавад? Тоҷикистон медонад!

Федератсияи шоҳмоти  Тоҷикистон (ФШТ) ба ин маснад номзади Русияро ҷонибдорӣ мекунад.

23-юми сентябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот баргузор шуда, пас аз фарҷоми он анҷумани интихоби президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот – ФИДЕ ҷараён мегирад.

Анҷуман ба ҷойи президенти собиқи  ФИДЕ Кирсан Илюмжинови барканоршуда  барои интихоби  президенти нав  номзадии се нафар – узви шӯрои  парасторони Федератсияи шоҳмоти  Русия Аркадий Дворкович, ноиби президенти FIDE Георгиос Макропулос (Юнон) ва

Устоди шоҳмот (гроссмейстер) Найджел Шорт (Британияи Кабир)-ро баррасӣ хоҳад кард

Бинобар иттилои Дабири кулли Федератсияи шоҳмоти  Тоҷикистон Илҳом  Юнусов  ФШТ санаи 3 октябр номзадии Аркадий Дворковичро дастгирӣ хоҳад кард.

Ҳамзамон, мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон озими сафар ба Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мебошад.

Ҳайати дастаи мардонаи Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

Устоди шоҳмот (гроссмейстер) Фаррух Амонатов, рейтингаш дар  ФИДЕ – 2615 имтиёз;

Муҳаммад Ҳусенхоҷаев, -2430 и мтиёз;

Мусафохоҷа Ҳусенхоҷаев —  2229 имтиёз;

Алишер Каримов – 2182 имтиёз;

Амин Қобилов – 2178 имтиёз.

Капитани даста  Ҷамшед Исоев.

Ҳайати дастаи бонувони Тоҷикистон:

Марворӣ Насриддинзода – 2090 имтиёз;

Надежда Антонова -2038 имтиёз;

Мутриба Ҳотамӣ — 1840 имтиёз;

Сабрина Абророва  — 1685 имтиёз;

Лидия Антонова- 1672 имтиёз;

Капитани даста  — Саодат Одинаева – 2314 имтиёз.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *