Резаахбор: аз идомаи фаъолияти Олимзода то медали тиллои Хоҷаева
Нимҳимоятгари 18-солаи тими олимпии Тоҷикистон (U-23) Фатҳулло Олимзода фаъолияти худро дар бошгоҳи «Атирау», ки дар премйер-лигаи Қазоқистон баромад мекунад, идома медиҳад. Олимзода нимаи аввали мавсимро дар ҳайати «Равшан»-и Кўлоб гузаронд.
***
4-уми август дар Ереван Ҷоми президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Гагик Сарукян дар намуди самбо баргузор шуд, ки паҳлавонони тоҷик се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Акмалиддин Каримов (58 кг), Сорбон Латифов (54 кг) ва Бахтовар Замиров (98 кг) бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизапулӣ ба маблағи 3000 доллар мукофотонида шуданд. Бобоҷон Бобоев дар вазни +98 кг мақоми панҷумро соҳиб шуд.
***
Футболбози маъруфи тоҷик Нуриддин Давронов бо дастаи «Кучинг» аз Малайзия шартнома баст. Қарордод то 6 моҳ имзо шудааст ва Давронов дар ин даста бо рақами 6 бозӣ хоҳад кард. Дастаи «Кучинг» дар Суперлигаи Малайзия миёни 14 даста дар ҷойи 13-ум аст. Давронов дар ҳайати ин даста дар як бозӣ барои ҷом 20 дақиқа ширкат кардааст.
***
Дар шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати ҷаҳонии шатранҷ байни дастаҳои мактабҳо баргузор гардид. Шатранҷбози даҳсолаи тоҷик Ёсамин Хоҷаева дар ҳисоби инфиродӣ дар тахтаи сеюм ҷойи аввалро ишғол кард ва сазовори медали тилло гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ