Резаахбор: Аз тиллои Олимхон то мусобиқаи шиноварӣ
Олимхон Алихонов, паҳлавони собиқадори тоҷик дар мусобиқаи самбо миёни устодон, ки дар шаҳри Уралски Қазоқистон баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Алихонов дар мусобиқаи мардон дар вазни 64 кило дар финал ба Владимир Қизилбош аз дастаи FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) ғолиб омад.
***
Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии баскетбол FIBA-2023 байни Олмон ва Сербия бо пирўзии баскетболбозони немис бо ҳисоби 83:77 ба анҷом расид. Олмон дар ҳамаи 8 вохўрии чемпионат ғалаба кард. Тими миллии баскетболи Олмон барои аввалин бор дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм тими Канада аз тими миллии ИМА пурқувваттар буд, ки бо ҳисоби 127:118 пирўз шуд.
***
Дастаи мунтахаби волейболи соҳилии Тоҷикистон дар марҳилаи аввали Ҷоми Осиё (минтақаи марказӣ), ки дар Бангладеш баргузор шуд, ширкат кард, аммо комёб нашуд. Дар мусобиқа дастаҳои Эрон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Покистон, Ўзбекистон, Непал, Малдив, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Бутан ва Қазоқистон ширкат карданд. Дастаҳои Эрон ва Ҳиндустон дар финал бозӣ мекунанд.
***
Аз 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз шуд, ки варзишгарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар он ширкат доранд. Шиноварӣ дар намудҳои озод, шинои парвонаӣ (баттерфляй), шинои брасс (қурбоққаӣ), пуштнокӣ ба масофаи 50 метр ва 100 метр, шинои омехта ба масофаи 200 метр ва шинои даставӣ ба масофаи 4х50 метр байни мардону занон баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ