Резаахбори варзишӣ: Аз бозиҳои Ҳисор то мизбонии “Тоскӯлоҳи бузург”
То 25-уми октябр дар Ҳисор Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Ўзбекистон ширкат мекунанд. Чемпионат аз рўйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат мегиранд.
***
Қатар мизбони марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд. Дар даври финалии Ҷоми Осиё-2023 ширкати 24 даста дар назар аст. Ба ҷуз аз тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия дар мусобиқа ширкат мекунанд.
***
17-уми октябр маросими супурдани ҷоизаи «Тўби тиллоӣ-2022» ва ҷоизаҳо барои мавсими гузашта аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии France Football дар шаҳри Париж баргузор шуд. Ҳамлагари тими “Реал Мадрид” Карим Бензема ҷоизаи “Тўби тиллоӣ”-ро ҳамчун беҳтарин бозигар дар мавсими 2022 соҳиб шуд. Ҳамчунин, Гави аз “Барселона”, Садио Мане аз «Байерн», Роберт Левандовски аз “Барселона”, Тибо Куртуа аз “Реал Мадрид”, Алексия Путеляс аз дастаи занонаи «Барселона» ҷоиза гирифтанд.
***
Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии ҷудо мувофиқа кард, ки шуруъ аз соли оянда шаҳри Душанбе чор сол пайиҳам (солҳои 2023-2026) мизбони мусобиқаи расмии “Тоскӯлоҳи бузург” (“Гран При”) хоҳад буд. Шартномаи баргузории ин мусобиқа дар баррасии тарафайн қарор дорад. Макони баргузории мусобиқа “Маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзишҳои обӣ”-и шаҳри Душанбе пешниҳод гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ