“Касетаи куҳна”-и Шон МС нашр шуд

Пас аз танаффусҳои пай дар пай ва ҳамзамон то андозае аз даст додани маҳбубият Шон МС рэпи нави худро бо номи “Касетаи куҳна” дар ютубканалаш нашр кард.

Рэпи “Касетаи куҳна” ба ҳаводорон аз мӯд рафтани Шон МС ва ба майдон омадани рэпсароёни мактаби навро бозгӯ мекунад.

Яъне, ин бозгӯи он аст, ки дигар нисбат ба рэпҳои Шон МС, ки замоне сершунавандатарин буданд, талабот кам шуда, ҳаводорони рэп маҳсули эҷоди дигаронро гӯш мекунанд. Барои мисол, дар як шабонарӯз рэпи мазкурро 14 ҳазор нафар гӯш кардаанд, вале рэпҳои намояндагони мактаби навро дар 24 соат тақрибан 100 ҳазор маротиба мешунаванд.

Рэп чунин мисраъҳоро дорад:

Шон, и патсано уже дига понятка доранд,

Т касетаи куҳнаӣ, асабшон намебардора.

Одамое, ки метонан рэпи тра фаҳмида,

Уво рэп гӯш намекнан, пайи зиндагидан.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *