Риояи қонун талаботи асосӣ ба шумор меравад…

2-юми феврали соли 2022 дар Суди Олӣ доир ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ба намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022 ахборот пешниҳод кард.

Дар соли 2021 аз ҷониби Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 144554 парванда ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки 9942 адад нисбат ба соли 2020 зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 13031 ададро парвандаҳои гражданӣ, 49296 ададро парвандаҳои оилавӣ, 10942 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 44218 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 7596 ададро дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 10512 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд.

Дар марҳилаҳои кассатсионию назоратии судҳои болоӣ бошад аз рӯи шикояту эътирозҳо 7944 адад санадҳои судӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифтанд.
Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 681 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 681 шахс баррасӣ шуда, аз онҳо ба 668 шахс ба маблағи умумии 3.096.502 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд.

Аз 13302 адад парвандаҳои нисбати вайронкунандагони Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба суд воридгардида, дар маҷмӯъ ба 5327 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 6518 нафар ба маблағи умумии 1.116.275 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.

Бо шабакаҳои телевизионӣ Суди Олӣ соли 2021 бо иштироки кормандони мақомоти судӣ доир ба мавзӯъҳои ҳуқуқӣ 16 барномаҳои таълимии «Мурофиа», 24 барномаи «Инсон ва қонун», 30 барномаи «Ҳуқуқи Шумо» ва 49 барномаи «Додгоҳ» таҳия гардида, тариқи «Телевизиони Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» намоиш дода шуданд.

Ҷиҳати аз байн бурдани камбудию норасогиҳои дар нимсолаи якуми соли 2022 амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуданд:
– назорат аз болои фаъолияти судяҳо дар самти риояи муҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонун, ҳаматарафа, пурраю холисона баррасӣ намудани парвандаҳо, саривақт таҳияву ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ ва рафти иҷрои онҳо;
– таҳлилу ҷамъбаст кардани асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар соли 2021 ва мавриди муҳокимаю хулосабарориҳои ҷиддӣ қарор додани онҳо дар машғулиятҳои семинарии судяҳо, инчунин ҷаласаҳои кории судҳо;
– санҷиши фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва расонидани ёрии амалӣ;
– гузаронидани ҷамъбастиҳои таҷрибаи судии категорияҳои мушаххаси парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
– тақвият бахшидани раванди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030».

Дар қисмати саволу ҷавобҳо ба рӯзноманигорон роҳбарияти Суди Олӣ ботамоми талаботи қонун ҷавоби дахлдор дода, пешниҳод намуданд, ки роҳбарияти Суди Олӣ дар назар дорад, ки ба тамоми пурсишҳои рӯзноманигорон посух дода талаботи қонунро риоя намоянд. Зеро риояи қонун барои кормандони мақомоти судӣ талаботи асосӣ ба шумор меравад.

Роҳбарияти Суди Олӣ барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти судӣ ва ислоҳи камбудиҳо тамоми чораҳоро андешида, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ташкилоту муассиса, қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар мамлакат чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *