Тоҷикистон: Оғози фаъолияти маркази иттилоотии зиддибуҳронӣ вобаста ба COVID-19

Бо мақсади амалисозии чорабиниҳои аввалиндараҷа дар доираи “Нақшаи эътинои фаврӣ ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Маркази иттилоотии зиддибуҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19” таъсис дода шуд.

Маросими ба истифода додани маркази мазкур, ки он таҳти рақами боварии 511 фаъолият менамояд, дирӯз, 2-юми феврали соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар Пажуҳишгоҳи тиббӣ профилактикии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре Вазорати тандурустии кишвар иттилоъ медиҳад, маркази мазкур бо таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ, нуқтаҳои қабули зангҳои телефонӣ ҳам аз корбарони алоқаи мобилӣ ва ҳам аз пешниҳодкунандагони алоқаи телефонии маъмулии хаттӣ муҷаҳҳаз буда, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ду басти корӣ давоми 24 соат фаъолият менамоянд.

Марказ дар доираи маблағгузории “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

— Ҷиҳати расидан ба мақсадҳои муқарраргардида Марказ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд, аз ҷумла, гузаронидани машваратҳои маҷозӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба сирояти коронавирус COVID-19; оид ба нишонаҳои асосии беморӣ; риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, моҳият ва қоидаҳои пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ, риояи масофаи байниякдигарӣ; иҷрои алгоритми амалҳо ҳангоми ошкор шудани аломатҳои сирояти COVID-19; ҳолатҳои дар хона мондан дар худмаҳдудкунӣ (карантин); макони ҷойгирӣ ва суроғаи ташхисгоҳҳои вирусологие, ки ба ташхиси занҷираи полимеразии (ПЦР) сирояти нави коронавирус COVID-19 машғуланд; пешниҳоди машварати равонӣ (психологӣ); табобат дар хона бо дарназардошти риояи қоидаҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирӣ, табобат ва назорати сироят; инчунин, тамоми масъалаҳои вобаста ба он; пешниҳоди маълумот оид ба равонасозии шаҳрвандон ба муоинаи иловагӣ, ташхис ва табобат дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ; пешниҳоди маълумот оид ба моҳият ва зарурияти иммунизатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус COVID-19 ва дигар масъалаҳои вобаста ба ваксинатсия,- меафзояд манбаъ.

Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ, риояи одоби муошират бо муроҷиаткунандагон, дар вақти муайянгардида посух гардонидан ба саволи шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба кормандони марказ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *