Риш ва тӯй. Ҳозир бе он механданд?
Донишҷӯписаре наздам даромаду гуфт:
— Муаллим, тӯй дорам. Ариза навиштам. Маро як ҳафта ҷавоб диҳед.
— Кай будааст тӯй?,- пурсидам аз ӯ.
— Баъди даҳ рӯз,- ҷавоб дод донишҷӯ.
— Ба хотири оиладор шуданат як ҳафта не, даҳ рӯз ҷавоб медиҳам. Лекин ҳозир то тӯй даҳ рӯз боқӣ мондааст. Се рӯз пеш аз тӯй ариза навишта биёред. Тӯйро гузаронед ва баъди тӯй ҳафт рӯзи дигар ҳамроҳи арӯсатон ҳафтаи асалиро гузаронед. Туҳфаи мо бароятон ҳамин мешавад,- гуфтам ба ӯ.
— Не устод, ҳозир аризаи маро имзо кунед. Ман баъди як рӯзи тӯямон ба дарс меоям,- ҷавоб дод ҷавони тӯйдор.
— Хонаатонро таъмиру тоза мекунед, ки ҳозир ҷавоб диҳам?,- пурсидам аз ӯ.
— Не устод, риш мемонам. То рӯзи тӯй баланд шуданаш даркор. Бо риш дарс омада наметавонам,- гуфт донишҷӯ.
— Риш? Чӣ хел риш?,- ҳайрон шуда пурсидам аз ӯ.
— Риши тӯёна. Ҳозир бе он механданд.
— Ҳммм…,- аризаро имзо кардаму донишҷӯро ҷавоб додам.
Риш аз «ҳафтаи асалӣ» аҳамияти бештар доштааст.
Бало занад ин мӯдро! Мо вақташ то сари тахти домодӣ баромадан се бор ришро қоқ метарошидему бо одеколони «Красная Москва» рӯйи худро қариб месӯзондем.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
декани факултаи журналистикаи ДМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ