Ришвахурӣ дар ҳукуматҳои Суғд

Дар як сол зиёда аз 30 намояндаи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла муовинони раиси Истаравшану Исфара ва Хуҷанд бо иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шудаанд.

 Карим Иброҳимзода – сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд – рӯзи 1 феврал гуфтааст, ки «парвандаи аксари онҳо барои ҷудо кардани қитъаи замин мепечад».

Қаблан, дар охири соли гузашта, дар як нишасти мақомоти интизомӣ дар Хуҷанд Дилшод Зарифӣ – як масъули Идораи мубориза бо коррупсияи Суғд аз қазияи Додоҷон Абдуллоев, муовини собиқи раиси Хуҷанд ёдоварӣ карда ва гуфта буд, ки «дар ҳамдастӣ бо кормандони идораи замин 75 ҳазор доллари мардумро гирифтааст.»

Карим Иброҳимзода дар бораи қазияҳои алоҳида ҷузъиёт надодааст, вале гуфт, «мақомоти сохторҳои гуногуни ҳукуматҳои маҳаллӣ, масъулони бонкҳо ва андоз дар соли гузашта дар муқоиса ба соли 2015 бештар даст ба ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ задаанд». Ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ, дар соли гузашта тақрибан 500 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки 32 ҳолати он ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ рабт мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *