ДарМаскав гӯши тоҷикро мебурранд

Гӯши як ҷавони тоҷикро, ки дар Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекардааст, буридаанд.

Торнамои “МК” менависад, ин воқеа шаби 31 январ дар кӯчаи Моховойи Маскав ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, вақте шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон аз мошин берун шуда ба назорати чархҳои он машғул будааст, ду ҷавони сархуш бо ишора ба тоҷик буданаш ба таҳқири ӯ шурӯъ кардаанд. Ҷавон аз онҳо хостааст, барои ин суханҳо узр пурсанд: “Баъди ин яке аз ҷавонҳо ӯро дошта, дигарӣ бо корд гушашро буридааст”.

Торнамо менависад, ҷавонон аз ҷойи ҳодиса фирор карда, ҷавони тоҷик бо кумаки як роҳгузар, ки Ёрии таъҷилиро даъват кардааст, ба беморхона бурда шудааст: “Ҳоло вазъи ӯ хуб аст. Аммо гуши буридаро пайдо накардаанд. Шояд нобакорон онро бо худ бурда ё партофтаанд”-гуфта мешавад дар хабар.

Аз рӯи ин далел мақомоти тафтишотӣ ба санҷиш оғоз кардаанд. Ҳанӯз касе дар ин робита боздошт нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *