Ришвахурон танҳо ҷарима шуданд…
Мудири шуъбаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати Тоҷикистон ва котиби комиссияи иҷозатномадиҳии ин кумита Қобил Шукурзода бо ҷурми гирифтани пора ва сохтакории ҳуҷҷатҳо бо ҳукми додгоҳ ба маблағи 279 ҳазору 250 сомонӣ ва мутахассиси пешбари ин шуъба Фирӯз Амонзода ба маблағи 278 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудаанд.
Ин ду мансабдор аз ширкати «Идрис-2017” барои гирифтани иҷозатномаи сохтмон пора гирифта, ҳуҷҷатҳои ширкатро сохтакорӣ кардаанд.Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки бо ҳукми додгоҳ Шукурзода Қобил Нарзулло- сардори шуъбаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти ин Кумита – ва мутахассиси пешбари шуъбаи таҳти роҳбарии ӯ Амонзода Фирӯзи Садриддин мутаносибан ба маблағи 279 ҳазору 250 сомонӣ ва 278 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда, барои 4 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум карда шуданд.
Додгоҳ ин ду мансабдорро, ки дар умури додани иҷозатнома ба ширкатҳо барои фаъолият дар бозори сохтмони Тоҷикистон дасти дароз доштанд, бар асоси моддаҳои 319 қисми 2 (барои гирифтани пора), қисми 5 моддаи 36-319 қ2 (барои шарикӣ дар гирифтани пора) ва 323 (барои сохтакории хизматӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор шинохтааст.
Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон, Қобил Шукурзода рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ «дидаю дониста, ки довталаби иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи сохтмон ҶДММ «Идрис-2017» мутахассис, бино ва техникаҳои барои пешбурди фаъолияти сохтмони заруриро надорад, барои ғайриконунӣ омода кардани ҳуҷҷатхои дахлдор оиди гуё дар ҷамъияти мазкур мавҷуд будани мутахассисони соҳаи сохтмон ва бинову техникаҳои лозимӣ дар утоқи кории худ аз муассиси ин ҷамъият Шарипов Х.Я. дар ҳузури мутахассиси пешбари шуъба Амонзода Ф.С., ки дар содир намудани ҷиноят ба ӯ ёрдам мекард, маблағи 8200 сомонӣ ба сифати пора талаб кардааст.”
Ҳамин тавр, меафзояд маркази матбуоти додситонии кул, «Шукурзода Қ.Н. бо Амонзода Ф.С. амали ҷинояткоронаашонро бо мақсади зиёдтар ба даст овардани маблағи пора давом дода, дар утоқи кориашон бо роҳи сохтакории шартнома оиди гуё иҷораи бино байни ҶДММ «Идрис-2017» ва иҷорадеҳ Фозилова М.А.-ро аз 12 марти соли 2018 тайёр карда, имзои уро сохтакорӣ карда, барои тайёр кардани ин асноди расмӣ 19 марти соли 2018 аз Шарипов Х.Я. 1200 сомонии дигар ба сифати пора гирифта, аз он 400 сомониашро ба шарикаш Амонзода Ф.С. додааст.”
Рӯзи 26 март Қобил Шукурзода парвандаи довталаби иҷозатнома ҶДММ «Идрис- 2017»-ро, ки дорои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ буд, ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда, бо далелҳои қалбакӣ тавонистааст, ки ба ин ширкат иҷозатнома гирифта бидиҳад: «Дар натиҷаи чунин амали ғайриконунии Шукурзода Қ.Н. ва Амонзода Ф.С. бо қарори Комиссияи зикргардида 27 марти соли 2018 ба ҶДММ «Идрис-2017” иҷозатномаи фаъолият оид ба сохтмони биноҳо ва иморату иншоот таҳти силсилаи ДБ-3 №0002569 дода шуда, ба роҳбари ҶДММ «Идрис-2017» Шарипов Х.Я. зарари ҷиддӣ расонида шудааст.”
Бо ҷарима халос шудани ин ду мансабдори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран ба Кодекси ҷиноятӣ тағйироти нав ворид карда шуд. Ин тағйирот бо ҷарима халос кардани мансабдорони муттаҳам ба порахӯриро манъ ва барои гирифтани пора ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ