Рита Карасартова — демократия дар Қирғизистон густариш наёфтааст

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон рӯйхати судяҳоеро тартиб медиҳанд, ки ба назари фаъолон, «қарорҳои ғайриқонунӣ» қабул кардаанд. Дар ин бора дар як мизи гирди бахшида ба мавзуи истирдоди блогнависи қазоқ Муродбек Тунгишбоев аз Қирғизистон ба Қазоқистон, тасмим гирифта шуд.

Рита Карасартова, як фаъоли қирғиз гуфт, додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек ҳангоми қабули қарори истирдоди Тунгишбоев «қонунҳоро дағалона вайрон кард».

«Мо «рӯйхати сиёҳ»-и судяҳоеро тартиб медиҳем, ки қонунҳоро поймол кардаанд. Мо ҳамаи талошамонро мекунем, ки онҳо ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд. Мо аз сари қудрат омадани Ҷеенбеков хушҳол шуда будем. Умедвор будем, ки бетартибиҳои даврони Отамбоев қатъ мешаванд. Аммо дар кишвари мо чизе тағйир накардааст. Демократия дар Қирғизистон густариш наёфтааст», — гуфт фаъоли қирғиз.

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 25 июн қарори Додситонии кул дар бораи истирдоди блогнавис ва фаъоли қазоқ Муродбек Тунгишбоев ба Қазоқистонро эътироф кард. Шикояти вакилони дифои Тунгишбоев қонеъ карда нашуд.

Тунгишбоев 10 май дар шаҳри Бишкек боздошт шуд. Додситонии кулли Қирғизистон 21 май қарори истирдоди Тунгишбоевро ба Қазоқистон содир кард. Тунгишбоевро дар Қазоқистон ба «сармоягузории гуруҳи ҷиноӣ» ва «таъсису иштирок дар созмоне, ки бо қарори додгоҳ экстремистӣ эълон шудааст» айбдор мекунанд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, Тунгишбоев ба фаъолиятҳои ҳаракати «Интихоби демократии Қазоқистон» мусоидат ва сармоягузорӣ кардааст. Ин ҳаракатро бонкдори пешин ва мунаққиди Остона Мухтор Аблязов таъсис додааст.

Тунгишбоев робита доштанашро бо «Интихоби демократии Қазоқистон» рад мекунад. Вай мегӯяд, барои фаъолиятҳои шаҳрвандиаш таъқиб мешавад ва парвандаи ҷиноияш ангезаи сиёсӣ дорад. Тунгишбоев бовар дорад, ки мақомоти Қазоқистон ба вай фишор хоҳанд овард. Вай аз ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналхалқӣ хост, ки ба истирдоди вай роҳ надиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *