Нафақа аз 1 июл инфиродӣ муайян мешавад

Дар Қазоқистон аз 1 июли соли равон ҳаҷми нафақаи ҳар як шаҳрвандро ба таври инфиродӣ муайян хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир, Қазоқистон ба ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз таҷрибаи корияшон як хел нафақа пардохт мекунад.

Вале моҳи оянда ҳангоми пардохти нафақа таҷрибаи кории шаҳрванд ба инобат гирифта мешавад. Дар ин бора муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Светлана Жакупова иттилоъ дод.

«Нафақа бар асоси ҳаҷми имрӯза муайян карда мешавад. Он 54%-и даромади ҳадди ақалро ташкил медиҳад. Агар собиқаи кории нафақахӯр аз 10 сол кам бошад, пас он дар ҳаҷми имрӯза — 54%-и даромади ҳадди ақал боқӣ хоҳад монд. Агар давраи кории шахс аз 10 сол болост, ба сари ҳар сол 2% зам карда мешавад», — афзуд Жакупова.

Бино ба оморҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир, дар Қазоқистон беш аз ду миллион одам нафақахӯранд. Тибқи пешбиниҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон, танҳо нафақаи 44%-и онҳо ба 100%-и даромади ҳадди ақал баробар хоҳад буд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *