Роҳат дар зимистон. Гирифторони кадом беморӣ зимистонро хуб пушти сар мекунанд?

Кадом беморон дар фасли зимистон худро беҳтар ҳис мекунанд? Шарҳи табиб-терапевти дараҷаи олӣ Светлана Александрова дар ин мавзӯъ.

1. Бемориҳои шуш

Эпидемияи грипп аксаран дар фасли зимистон хурӯҷ мекунад ва ин тасодуф нест, вируси грипп дар ҳавои сард хубтар афзоиш меёбад. Вале барои аксари вирусу микробҳо ҳавои сард таъсири марговар дорад. Сайругашт дар ҳавои барфӣ аз он ҷиҳат фоидабахш маҳсуб меёбад, ки барфрезаҳо ҳавои ифлосшударо тоза мекунанд. Аз ҳамин хотир, вақти боридани барф ва баъд аз он  нафас кашидан осонтар аст.

Ҳавои сард ҳолати нафарони шушкасалро беҳтар месозад. Беҳуда нест, ки охири асри XIX ва аввали асри XX ба нафарони гирифтори силкасал табибон дар кӯҳистон истироҳат карданро тавсия медоданд.

Танҳо дар мавриди бемории диққи нафас чунин тавсия додан мумкин нест, зеро бо саршавии зимистон шумораи беморони гирифтори астмаи бронхӣ зиёд мешавад.

2. Невроз

Ҳарорати пасти ҳаво асабҳоро ором ва гирифторшавӣ ба изтироби шадидро пешгирӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, хурӯҷи бемориҳои асаб ва халалёбии ҳолати рӯҳӣ аксаран дар ҳавои номуътадил (баҳору тирамоҳ) ба қайд гирифта мешавад, дар фасли зимистон бошад, ҳолати рӯҳии инсон муътадил мегардад. Тавре тадқиқотҳо собит месозанд, барои рафъи асабоният ва ба изтироби шадид тобовар шудан, кифоя аст, ки дар ҳавои сарду барфӣ ҳамарӯза на кам аз як соат рӯзона сайругашт намоед. Маҳз ҳавои сарду шабҳои дарози зимистон сабаб мегардад, ки хоб бароҳат гашта, табъ болида мегардад.

3. Пастшавии масуният

Ҳавои сард барои ҷисми инсон стресс ба шумор меравад, вале стресси фоидаовар. Дар ҷавоб қувваи муҳофизатии ҷисм ба эътидол омада, аксуламалҳои биокимиёвӣ фаъол мегарданд (озодшавии катехоламин, норадреналин, адреналин ба вуҷуд меояд), ки  дар натиҷа ҷисм аз бемориҳои гуногун худро ҳифз карда метавонад. Бояд қайд намуд, ки ҳавои хунук барои табобати рӯҳафтодагӣ, майхорагӣ ва нашъамандӣ аз манфиат холӣ нест.

4. Фарбеҳӣ

Ақидае роиҷ гаштааст, ки дар фасли зимистон инсон 3-5 кг фарбеҳ мешавад. Аз як тараф, ин ақида дуруст аст, дар зимистон мубодилаи моддаҳо суст, ҳаракат кам ва иштиҳо кушода мешавад. Аз ҷониби дигар, дар ҳавои сард метаболизм фаъол гашта, ҳуҷайраҳои чарбӣ зудтар равғанро нобуд месозанд. Аз ин лиҳоз, нафароне фарбеҳ мешаванд, ки камҳаракат ҳастанду дӯстдори хӯрданиҳо лазизанд. Дӯстдорони варзиш бошанд, баръакс то фасли баҳор хароб мешаванд.

Дарвоқеъ…

Тифлакони дар фасли зимистон тавлидёфта назар ба кӯдакони тобистона калонтару солимтар мешаванд. Илова бар ин, тифлакони зимистона умри дарозтар мебинанд. Шояд сабаб дар он бошад, ки ин тифлакон дар баҳорон дар батни модар пайдо шудаанд ва модарон дар моҳҳои аввали ҳомиладорӣ аз миқдори даркории витамини шифобахши D, ки аз нурҳои офтоб дар ҷисм пайдо мешавад, бархӯрдор гаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *