Роҳи Дӯстӣ-Панҷ-Фархор бо 153 миллион доллар таҷдид мешавад
Дар назар аст, ки солҳои 2023-2024 таҷдиди роҳи байналмилалии мошингарди Дӯстӣ-Панҷ-Фархор-Кокул оғоз карда шавад. Барои амалӣ кардани ин лоиҳа 153 миллион доллар масраф мешавад.
Зарифхӯҷа Шоҳиён, раиси ноҳияи Панҷ дар нишасти хабарии хеш гуфт, дар назар аст, ки таҷдиди роҳи байналмилалии мошингарди Дӯстӣ (Ҷайҳун)-Панҷ-Фархор-Кокул оғоз карда шавад. Ӯ афзуд: “Бо вазири нақлиёти кишвар суҳбат кардем. Онҳо гуфтанд, ки солҳои 2023-2024 корҳои сохтмонӣ оғоз мешаванд. Аллакай аз Гулистон то Фархор корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд”. — Ба вазири нақлиёт суол кардам, ки “роҳ тариқи нақб мешавад?”. Онҳо гуфтанд, ки роҳ тавассути ҳамвор кардан таҷдид мешавад. Аз кадом қисмате роҳи алтернативӣ ёфтаанд. Асос роҳ аст. Роҳ пайвандгари дилҳост,- афзуд ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ