Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд
Филиали ширкати IRS хабар дод, ки ҳаракати нақлиёти сабукрав аз шаҳри Хуҷанд ҷониби шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки субҳи имрӯз роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бо сабаби бориши шадиди барф ва тармафароии зиёд ҳаракати тамоми намуди мошин манъ шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш ҳам бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ баста шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ