Ду пойи Гулинор дар як мӯза

Ҳодиса чунин буд…

16-уми декабри соли 1997 Ҳабиба Меликова, сокини шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Содиқов соҳиби 12 сотих замин гардид. Ӯ дар ин замин хона бунёд кард ва бо модару хоҳару бародараш зиндагӣ намуд. Соли 2010 дар натиҷаи офати табиӣ сел аз ду хонаи дар ҳавлӣ буда якеашро пурра  хароб кард. Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соҳибхона аз маҳаллаи Зарринкуҳ бо чор дар хона таъмин карда шуд.

Аммо модари соҳибхона, Гулинор Хонимқулова дар ҳавлии аз сел осебдида боз зиндагиро давом дод. Аз миён 11 сол гузашт. Моҳи майи соли 2021 бори дигар ба маҳаллаи Содиқов сел омад ва хонаи Гулинорро қисман хароб кард. Ин ҳамон хонаест, ки Гулинор дар он тибқи қарори Ситод ҳақ надошт зиндагиро идома диҳад. Дар  баробари ин, ӯ дар расонаҳо мегӯяд, ки барояш қисман кумак кардаанд, вале барои пурра сохтани хона қувваи корӣ надорад. Ҳоло дар хайма зиндагӣ мекунад. Мақомот ба ин назаранд, ки ӯ ҳақ надорад, вале ӯ кумак мехоҳад.

Журналистони Pressa.tj барои кушодани ин муаммо ба шаҳри Кӯлоб сафар доштанд ва бо Гулинор Хонимқулова,  намояндаи Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда, полковник М. Садиров, сармеъмори шаҳр Қурбони Маҳмудҷон ва духтарони ин пиразан суҳбат намуданд ва асли қазияро бозгӯ карданд.  

Дар суҳбати Гулинор Хонимқулова

Сараввал мо ба дидору суҳбати Гулинор Хонимқулова ба маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб омадем. Баъд аз пурсуҷуҳои зиёд аз ҳамсояҳо  Гулинор Хонимқуловаро дар зери хайма, дар маҳаллаи Содиқов дарёфтем. Чун ӯ донист, ки журналист ҳастем ва аз мақсади омадани мо огоҳ шуд, беихтиёр ба гиря кардан даромад. Ӯ бо гиряву зорӣ аз азобҳои дирӯзу имрӯзаш қисса кард. Мехоҳад, ки дар ҳамин ҷойи осебдида барои бунёди хонаи нав ба ӯ мардум ва мақомот кумак кунанд. Ҳарчанд  мақомот ба ӯ маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили тахтаву семент, шифер кумак кардаанд, аммо аз моҳи май то кунун корро оғоз накардааст. Ҳатто, тахтаҳои навро, ки мақомоти шаҳри Кӯлоб кумак кардаанд, писараш аз онҳо шит сохтааст.

Ӯ мегӯяд:

— Моҳи майи соли 2021 сел омад. Маро сел бурд. Аз назди завод ҳамсояҳо  дошта, аз марг наҷот доданд. Вақте ки ба ҳуш омадам, худро дар беморхона дарёфтам. Баъдан, чанд маротиба инсулт шудам. 12 рӯз дар беморхона хоб кардам. Аз моҳи май инҷониб бо духтарам дар хайма зиндагӣ мекунем. Дар ин синну соле, ки дорам, вазнин аст. Ҳаво сард аст, аз гӯшаҳои хайма хунукӣ медарояд.

— Чаро то ҳол дар хайма зиндагӣ мекунед? Мақомот кӯмак накарданд?, — мепурсем мо.

-Кумак карданд.  111 шифер, 60 халта семент, 2 кӯб тахта, 4 халта гандум ва равған ёрдам карданд. Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода чанд маротиба аз ҳолам хабар гирифт. Орду равған ва туҳфа ҳам овард. Ҳазор раҳмат.

— Пас, чаро то ҳол маҳсулоти сохтмониро истифода намекунед?,- илова мекунем мо.

— Шароит надорам. Ман аъзои ташиклоти байналмилалии “Ҳомиёни Ватан” мебошам. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳимоя ва барқароркунии сохти конститутсионӣ хизмат кардам. Имрӯз бошад, бесарпаноҳаму ниёз ба дастгирӣ дорам.

-Чанд фарзанд доред?,- суол мекунем мо.

— Се фарзанд. Ду духтару 1 писар. Духтари калониам аз ман ҷудо зиндагӣ дорад. Ана, ин духтаре, ки мебинед, бо ман аст. Аз шавҳараш ҷудо шуд ва ба нигоҳубинам машғул мебошад. Писарам  ба ман нигоҳ намекунад. Ҳол он ки бо зану фарзандонаш дар паҳлӯи хонаам зиндагӣ доранд. Ду мошин санг, 1 мошин қуму шағал гирифтам. Гуфтам, биё, кори хонаро сар кунем, гӯш накард. Бо тахтаҳои нав барои бунёди хона шит сохт. Ҳоло мо дар зери барфу борон мондаем. Раиси шаҳри Кӯлоб барои кумак ваъда кард.

— Ин ҷо 11 сол пеш ҳам сел омада буд, чандин хона зарар дид. Шумо ҳам аз офат зарар дида будед?,- суоли навбатии мо буд.

— Бале. Хонаи духтарам зарар дид. Ӯ хона гирифту аз ин ҷо рафт. Ду хона доштем, аз ман қисман зарар дид. Бо вуҷуди ин, кӯмак карданд.

— Пас, боз чӣ даъво доред? Чаро дар ин сардиҳо дар манзили духтаратон намеистед?- меафзоем мо.

— Барои бунёди хона шароит надорам. Хонаи духтарам дур, серодам. Он ҷо истода наметавонам. Писараш дар Русия 8 сол аст, ки зиндонӣ аст. Як духтараш аз шавҳар ҷудо шуд, бо се фарзандаш дар хонаи ӯ зиндагӣ доранд.

Дар суҳбати соҳибмулки асосӣ

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *