Дар Владикавказ духтари тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ карданд

Мавлуда ҳамагӣ 13 сол дошта, бо мушкилӣ роҳ мерафт ва бо дастон ҳаракат мекард. Бо кӯмаки як табиб ва ҷарроҳ дар Владикавказ ройгон ҷарроҳӣ шуда, ҳоло ба по хестааст.

Навори ҳаракати мушкили ӯ ва баъди ҷарроҳиву ба пой хестан дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расонаӣ шуд.

Дар навор гуфта мешавад, ки Мавлударо намояндагони яке аз бунёдҳои хайрия ба назди ҷарроҳ Казбек Кудзаев фиристодаанд. Ин ҷарроҳи номвар духтарчаи тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ кардааст.

Хароҷоти парвози ин хонаводаро ба Владикавказ як табиби Тоҷикистон пардохт кардааст, ки номаш гуфта намешавад.
Падару модари Мавлуда, рӯзи 13 январ ба Осетия парвоз кардаанд, ки аллакай духтарашон ҷарроҳӣ шуда буд.

Ба гуфтаи Казбек Кудзаев амалиёти душвор сурат гирфита беш аз 4 соат давом кард. Баъд аз се рӯзи ҷарроҳӣ духтарча ба пой хест.

Казбек Кудзаев мегӯяд, ки дар ояндаи наздик Мавлуда бемамониат ҳаракат карда метавонад.

https://www.facebook.com/romka.bern/videos/304990958215710

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *