“Амонатбонк” пеши роҳи навбатпоиро мегирад

Аз 17 то 22 январи соли 2022 Бонки давлатии Тоҷикистон — “Амонатбонк” намояндагони худро ба шаҳру навоҳии кишвар барои вохӯрӣ бо мардум фиристодааст.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин вохӯрӣ истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ баҳри пешгирии навбатпоии аҳолӣ дар назди филиал, марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳои “Амонатбонк” ва дар маҷмӯъ, саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мебошад.

Чунин як вохӯрии намояндагони “Амонатбонк»  18 –уми январ дар толори мақомоти шаҳри Бохтар бо иштироки фаъолони шаҳр, раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.

Амиршоҳ Ҷумъазода, сардори шуъбаи аудити бонки давлатии “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар оид ба хизматрасониҳои ин бонк иттилоъ дода, афзудааст, ки “дар филиал маркази иттилотӣ ташкил шудааст. Шаҳрвандон метавонанд тамос гирифта, ои ба мушкилиҳои пешомада хабар диҳанд. Барои ба ҳолатҳои тамбашавии одамон дар назди банкомату филилалҳо дар нақша аст, ки дар рӯзҳои наздик насби банкоматҳои нав ба роҳ монда хоҳад шуд”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.