Роҳи Душанбе — Хуҷанд баста шуд: 25 мошинро тарма “асир” гирифт
Дар роҳи Душанбе — Чаноқ 25 мошин, ки 20 — тои он нақлиёти сабукрав мебошад, дар банди тарма дармондаанд
Шаби 3 январ дар роҳи Душанбе — Чаноқ тармаи азим фаромадааст, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ пурра баста шуд, хабар медиҳад Sputnik.
Ширкати IRS, ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ягона роҳи байни пойтахт ва Шимоли кишвар мебошад, мегӯяд, рӯзи гузашта дар ин масир тармафароии зиёд сурат гирифт, ки дар натиҷа қариб 25 мошин дар банди тарма дармонданд.
Тибқи иттилои манбаъ баландии тармаи азим 15 метр ва паҳноияш 300 метрро ташкил намуд.
Дар километри 65- уми роҳи Душанбе — Чаноқ тармаи азим фаромадааст ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан, то тоза шудани роҳ аз ғарами барф боздошта шуд.
Бино ба иттилои IRS ҳоло роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ ва филиали ширкат дар маҳалли тармафароӣ қарор дошта, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то 25 автомобил (панҷ боркаш ва 20 сабукрав), ки дар километрҳои 62 — 73 дар банди тарма мондаанд, ба ҷониби пойтахти кишвар гузаронанд.
Дар қатори ин ҳама мушкимлот ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон машғул мебошад эълон кард, ки ҳаққи истифода роҳи Душанбе — Чаноқро боло мебарад. Далели ин тасмими ширкат болоравии нарх ва афзоиши арзиши молу маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маҳсулоти нафтию техника ва беқурбшавии пули сомонӣ тайи солҳои охир арзёбӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ