Арчаи солинавии Вахшро ноболиғон оташ заданд

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз сӯхтори арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш, ки аз беэҳтиётии се ноболиғ сар задаааст, хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, ки 3 январ, тахминан соати 12:32-дақиқа, дар вақти бо оташ бозӣ кардани се ноболиғ, бародарон Н.М., соли таваллудаш 2010, Н.Т., соли таваллудаш 2012, сокинони деҳаи Озоди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва С.И., соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ дар Арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш сӯхтор ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, ки ки сӯхтор сари вақт аз ҷониби басти навбатдории Қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи мазкур хомӯш карда шуда, зарар аз сӯхтор тахминан 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар зарар надидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *