Роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ бозсозӣ мешавад

Масъалаи бозсозии роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстиро роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баррасӣ карданд. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар вохурӣ стратегияи нави ҳамкориҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва гурӯҳи Бонки Осиёии Рушд ва ҳамчунин маблағгузории лоиҳаҳо баррасӣ шудааст.

Зикр гардид, ки роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, ки таҷдиди он бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд анҷом дода мешавад, бахше аз шоҳроҳи байналмилалӣ буда, барои дастрасӣ ба масирҳои кишварҳои хориҷӣ бо дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ шароити хуб фароҳам меорад.

«Ин масир аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта, ба тавсеаи гардиши мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, савдои наздишаҳрӣ, рушди сайёҳӣ ва поин рафтани нархи коло ва хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат мекунад»,- гуфт манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Иброҳим Шукрӣ аз ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ» изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки БИР барои пурзӯр намудани қувваи корӣ дар омӯзиши усулҳои нави сохтмони роҳ, ки чанде пеш ривоҷ ёфтаанд, мушовири байналмилалӣ хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *