Роҳи Хуҷанд — Мастчоҳ: Дар садама се узви як оила фавтиданд
Дар садамаи ду мошин дар роҳи Хуҷанд — Мастчоҳ се узви як оила ба ҳалокат расидаанд. Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар рафъи паёмадҳои ин ҳодиса иштирок кардаанд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, 24-уми январи соли 2022 тахминан соати 17:10 дар роҳи Хуҷанд — Мастчоҳ, дар қаламрави шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд садамаи мошин ба қайд гирифта шудааст. Мошини сабукрави тамғаи «ВАЗ-Жигули», ки аз ҷониби як сокини 36-солаи деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б. Ғафуров идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Мастчоҳ ба мошини тамғаи «BMW» бармехӯрад, ки ронандаи он як сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд будааст. Дар натиҷа се нафар мусофирони мошини “Жигули”, ки ҳамаи онҳо узви як хонадон будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
— Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсуси имдод ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошин берун овраданд ва барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Ронанда ва мусофири мошини тамғаи «BMW» бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол дода шуданд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаи марговарро таҳқиқ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ