Роҳкушоиро дилкушодӣ роиҷ аст
Кормандони «IRS» дар баробари нигоҳдориии роҳи Душанбе – Чаноқ, инчунин дар ниҳолшинониву дигар корҳои корҳои марбут ҳифзи муҳити зист фаъоланд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, зиёда аз 40 қонун ва барномаи давлатӣ таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтанд.
Иштироки Пешвои миллат дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбон, манзилҳои зист, беҳдошти муҳити атроф, бунёди боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ҳидоят намудани аҳолӣ, инчунин муроҷиати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат намунаи олии ташаббускорӣ дар ин бобат маҳсуб мешавад.
Табиист, ки ин амалҳои нек дар ташаккули шуури экологии ҷомеа саҳми арзанда гузошта, барои фаъол гардидани дигарон дар ин самт мусоидат менамоянд. Баҳри ҳамовозӣ ба ибтикори зикршуда кормандони «IRS» бо баргузории шанбегиҳо дар масири роҳи Душанбе — Чаноқ теъдоди зиёди дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида, саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардонии кишвари азизамон гузоштанд.
Илова бар ин, доираи дигар чорабиниҳои ба ҳифзи муҳити зист дахлдошта, кормандони «IRS» дар Варзоб, Зарафшон ва Суғд минтақаҳои дахлдорро аз партов тоза намуда, атрофи дарахтони мавҷударо нарм карданд.
Муҳимтар аз ҳама, ин амали нек як рукни фаъолияти кормандони «IRS» маҳсуб шуда, ҳамон тавре масъулин таъкид карданд, минбаъд низ идома меёбад.
Б. Неъматулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ