Роҳбандӣ аз мавзеи “Моҳи нав” то Сирк
Дар доираи таъмиру навсозии роҳ дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт (аз мавзеи “Моҳи нав” то Сирк) аз маҳаллаи Яккачинор то гардиш ба самти Гулистон (чорроҳаи Сирк) роҳ баста шуд.
Дар доираи таъмиру навсозии роҳ дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт (аз мавзеи “Моҳи нав” то Сирк) аз маҳаллаи Яккачинор то гардиш ба самти Гулистон (чорроҳаи Сирк) роҳ баста шуд.
Корҳои таъмиру навсозӣ дар ин қитъаи роҳ муддати як моҳ идома меёбад, як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба “Tajikistantimes.com” хабар дод.
Нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла маршруткаҳои № 2, 13, 15, 25, 52 ва 54, ки канораҳои шаҳри Душанберо бо маркази шаҳр мепайванданд, аз роҳҳои ҳамшафат истифода хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ