Роҳбандӣ аз мавзеи “Моҳи нав” то Сирк

Дар доираи таъмиру навсозии роҳ дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт (аз мавзеи “Моҳи нав” то Сирк) аз маҳаллаи Яккачинор то гардиш ба самти Гулистон (чорроҳаи Сирк) роҳ баста шуд.

Дар доираи таъмиру навсозии роҳ дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт (аз мавзеи “Моҳи нав” то Сирк) аз маҳаллаи Яккачинор то гардиш ба самти Гулистон (чорроҳаи Сирк) роҳ баста шуд.

Корҳои таъмиру навсозӣ дар ин қитъаи роҳ муддати як моҳ идома меёбад, як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба Tajikistantimes.com хабар дод.

Нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла маршруткаҳои № 2, 13, 15, 25, 52 ва 54, ки канораҳои шаҳри Душанберо бо маркази шаҳр мепайванданд, аз роҳҳои ҳамшафат истифода хоҳанд кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.